21 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳраки академӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода, директорони муассисаҳои илмӣ, меҳмонон ва ҷавонони АМИТ чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҷавонон бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу субот ва шароити фароҳамоварда, бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли наврас, хусусан ҷавонон, ки қишри ояндасоз маҳсуб меёбанд, фаъолона ширкат варзиданд.
Ҳамзамон дар доираи ин чорабинии бо шукуҳи фарҳангӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати мусоидат дар рушди илми ватанӣ, муҳайё сохтани шароити корӣ барои кормандони илмии Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Мусоев Хуршед барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд, саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва ифтитоҳи бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и АМИТ дар фазои тантанавӣ бо «Сипоснома» аз ҷониби Илҳои Мирсаидзода – директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ қадрдонӣ гардиданд.
Дар интиҳо як қатор ҷавонони фаъол аз тарафи Президенти АМИТ ва муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.